МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ ДАСТГОҲҲОИ ПАЛАТАҲОИ ПАРЛУМОНҲОИ ИДМ

Апрель 23, 2010 09:55

Маскав,  23 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). —  22  апрел  дар  Шӯрои Федератсияи  Русия   мулоқоти роҳбарони  дастгоҳҳои  палатаҳои  болой  ва  поёнии  парлумонҳои  давлатҳои  ИДМ  кушода шуд. Раиси  Шӯрои  Федератсия  Сергей  Миронов  дар оғози  мулоқот  зикр  кард, ки  он  дар  арафаи  воқеаи  муҳим – ҷашни  65 – солагии  Ғалаба  дар  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  баргузор  мегардад. Сипас  Муншии  умумии  Ассамблеяи  байнипарлумонии  ИДМ Михаил Кротов  дар  бораи  низоми  мавҷудаи  муносибатҳо  ва  ҳамкории   котиботи  Ассамблея  ва   дастгоҳҳои  парлумонҳои   мамлакатҳои  ИДМ  дар  бобати  таҳия  ва  қабули   қонунҳо,  самтҳои  гуногуни   равобити  байнипарлумонӣ  дар  доираи  ассамблея, аз  ҷумла,  фаъолияти  мушоҳидон  дар  интихоботҳо  ва  ҳамкорӣ  бо  созмонҳои байналмилалӣ  сухан  ронд. Дар  ҷараёни  мулоқот роҷеъ ба масъалаи  беҳтар  сохтани  фаъолияти  парлумонҳо  ва  роҳҳои ҳамкории  самарабахши  онҳо  табодули назар  карда шуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  мулоқот   роҳбарону  намояндагони  парлумонҳои  Украина, Озарбойҷон, Арманистон,  Белорусия ва  Қазоқистон  иштирок  доштанд. Бо  сабаби  он  ки  дар  Тоҷикистон  23  апрел  Иҷлосияи  нахустини  Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олӣ  баргузор  мегардад,   дар  мулоқоти  мазкур  намояндагони он  иштирок  надоранд.

Апрель 23, 2010 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад