МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ДИНИИ ҶАҲОН ДАР БОКУ

Апрель 27, 2010 08:58

Душанбе,  27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия  Эшонқулова). —  26 апрел   дар  пойтахти  Ҷумҳурии  Озарбойҷон  — шаҳри  Боку  мулоқоти роҳбарон  ва  намояндагони   созмонҳои  динии  ҷаҳон  кушода шуд.  Ҳайати  Тоҷикистон  дар  ин  мулоқот  таҳти роҳбарии  раиси  Шӯрои  уламои   маркази исломии  ҷумҳурӣ  Шайх Амонулло  Неъматзода  иштирок  дорад. Дар  мулоқот  инчунин  қариб  100 нафар  роҳбарони  созмонҳои  динии   Русия  ва  мамлакатҳои  ИДМ,  аз  ҷумла Усқуфи  аъзами  Маскав  ва  саросари  Русия Кирил, роҳбари  маънавии  мусулмонони   минтақаи  Қафқоз А.Пошшозода, кашиши  кулли  яҳудиёни  Русия Берл  Лазар, митрони Волоколамск  Илларион,  митрони  Кишинёв Владимир, митрони  Қрим Лазар, роҳбари рӯҳониёни  Қазоқистон Александр,  раисони  муфтиёти  Шимоли  Қафқоз, Қирғизистон ва  роҳбари  ибодатхонаи  анъанавии  буддопарастони  Русия Дамба  Аюшеев  ва  дигарон  ширкат  меварзанд.  

Апрель 27, 2010 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд