МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ МОЛИЯИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷараёни маҷлиси вазирони молияи давлатҳои ИДМ дар шаҳри Маскав бо муовини раиси ҳукумат ва вазири молияи Федератсияи Русия Алексей Кудрин мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои андешидани тадбирҳои муштарак барои бартараф сохтани оқибати бӯҳрони молиявӣ, такмили низоми молиявӣ ва беҳтар сохтани фаъолияти бонкҳои ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мусоҳибон аз ҷумла масъалаи тайёр намудани кадрҳои варзидаро барои соҳаи молиявии Тоҷикистон дар мактабҳои олии Федератсияи Русия муҳокима карданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси вазирони молияи мамлакатҳои ИДМ вазъи имрӯзаи иқтисодиёти мамлакатҳои иттиҳод бо назардошти таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва нақшаи амалӣ сохтани тадбирҳои муштарак барои бартараф сохтани он муҳокима карда шуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






