МУНШИИ УМУМИИ СММ БА ТОҶИКИСТОН ОМАД

Апрель 5, 2010 16:07

Душанбе,  5 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров,  Фарангис  Раҳимова ). —  Муншии умумии СММ Пан  Ги  Мун баъди  чошти  имрӯз барои  боздиди    корӣ ба  шаҳри  Душанбе  ташриф овард. Ӯро  дар   фурудгоҳи байналмилалии  пойтахт   вазири корҳои  хориҷии  ҷумҳурӣ  Ҳамрохон  Зарифӣ ва  намояндагони Муассисаи  рушди  СММ  пешвоз  гирифтанд. Ин  лаҳзаҳо дар  Саробӯстони  ҳукуматӣ  дар  Душанбе  мулоқоти  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ва  Муншии  умумии  СММ  Пан  Ги  Мун  давом  дорад. Зимни  мулоқот  масъалаҳои  марбут ба ҳамкории  минтақавӣ, имкониятҳои иҷтимоию  иқтисодии  Тоҷикистон  ва  иҷрои нақшаҳои  рушди  ҳазорсола   муҳокима  карда  мешаванд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  Пан  Ги  Мун  баъди  мулоқоташ  бо  Президенти  Тоҷикистон  бо  роҳбарияти  Вазорати  энергетика  ва  саноати  мамлакат   гуфтушунид  хоҳад  кард. Сипас Муншии  умумии  СММ  аз Палатаи  поёнии  парлумонии  мамлакат   боздид  ба  амал  оварда,  бо раиси Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Шукурҷон  Зуҳуров  мулоқот  анҷом  хоҳад  дод. Муншии  умумии  СММ  баъди  анҷоми  сафараш дар  Тоҷикистон  6  апрел  аз  шаҳри  Душанбе ба  Қазоқистон  меравад.  

Апрель 5, 2010 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд