МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БА ИСТИҚБОЛИ ИДИ ҒАЛАБА

Апрель 7, 2010 17:03

Ваҳдат, 7 апрел.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова)-Тавре,ки мудири шубаи иҷтимоию фарҳангии дастгоҳи иҷроияи шаҳри Ваҳдат Ислом Ниёзов ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иттилоъ дод, бахшида ба истиқболи Иди Ғалаба дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда истодааст.Имрӯз дар байни 24 дастаҳои ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳои маркази шаҳр мусобиқаи футбол гузаронида шуд.Қабл аз шурӯи бозӣ,дастаҳо ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро харидори намуда, барои даври ниҳои тӯҳфа намудан ба дастаҳои ғолиб омодагӣ диданд.Давраи ниҳои дар майдони варзишии ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ баргузор гардид.Ғолиби мусобиқа, дастаи «Ҳоҷиқатаған»-и ҷамоати деҳоти Баҳор дониста шуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи давлатии шаҳр,Ассотсиатсияи тоҷикзабонони Қирғизистон  ва ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ бо ифтихорномаю кубок ва саҳмияҳо сарфароз гардонида шуданд,гуфт Ислом Ниёзов.

Апрель 7, 2010 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд