МУСТАФО БА МАҚСАД НАРАСИД

Апрель 9, 2010 16:20

        Душанбе, 9 апрел. (АМИТ “Ховар”, Жасмин Назарова). – Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ дар ҳудуди деҳаи Қизилтеппаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мустафо Валади Машафӣ, соли таваллудаш 1942, истиқоматкунандаи вилояти Тахор ноҳияи Янгиқалъаи Афғонистон дастгир карда шуд.  Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи ў дар халтаи полиэтиленӣ маводи нашъадори навъи бангдона, ки вазнаш 42 кг 600 гр ва 7 кг 540 гр маводи сахттаъсири героинро, дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷинои оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Апрель 9, 2010 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд