МУВАФФАҚИЯТИ НАНОТЕХНОЛОГОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК

Апрель 13, 2010 16:04

Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Аз 18 то 24-уми апрели соли љорї дар Донишгоњи давлатии ба номи М. В. Ломоносови шањри Москва олимпиадаи нанотехнологҳо  баргузор мегардад.  Аз љумњурии мо дар  олимпиадаи байналмилалї  8 нафар – 6 мактаббача аз гимназия- интернати тољикї- русии ба номи «Ҳотамов» Љањонгир Рустамзода, Абдуњамид Нурматов, Рустам Комилов, Саттор Аброрї, Пирањмад Олимї, Хусрав Ёров  ва 2 нафар донишљўи Донишгоњи Техникии Тољикистон — Акбар Файзуллоев ва Хурсанд Ёров   дастпарварони  њамин гимназия  иштирок менамоянд. Дар даври ѓоибонаи њамин олимпиада, ки аз 2 то 21 март гузашт, зиёда аз 5500 нафар мактаббачагони болаёќат, донишљўён, унвонљўён ва олимони љавони 31 мамлакати љањон ширкат намуданд. Мушкилоти ин олимпиада дар он буд, ки хонандагон мебоист холи заруриро на танњо аз як фан балки аз дигар фанњои даќиќ аз ќабили риёзї, физика, кимиё ва биология бањои аъло мегирифтанд. Ба ѓайри ин аз иштирокчиён талаб карда мешуд, ки аз технологияи  иттилоотиву коммуникатсионї иттилооти заруриро тањлил намуда, њамчунин ќобилияти фикрронї дошта бошанд. Дар ќисми хотимавии олимпиада ба ѓайр аз шаш нафар толибилмони тоҷикистонї, 1 нафарї аз чумњурињои Украина, Ќазоќистон ва Молдова ширкат дошта, боќимонда иштирокчиёни озмуни финалї талабагони макотиби Руссия буданд. Ѓолибони озмуни олимпиадаи байналмилалии нанотехнологҳо метавонанд бе супоридани имтињони дохилшавї ба Донишгоњи давлатии ба номи М. В Ломоносов ва ё дигар донишгоњњои пешќадами Руссия дохил шаванд.        

Апрель 13, 2010 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад