Н. АБДУЛЛОЕВ: «ШУМОРАИ ҶИНОЯТКОРОН ДАР ҶОМЕА АФЗУДААСТ»
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Миқдори умумии парвандаҳои ҷиноятии баррасишуда дар Суди олӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 тамойили зиёдшавӣ дошта, дар давраи ҳисоботӣ мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта 7 адад парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 71 нафар зиёдтар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 16 апрел, раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикстон Нусратулло Абдуллоев. Ӯ афзуд, ки сабаби аслии зиёд шудани парвандаҳои ҷиноӣ, пеш аз ҳама афзудани шумораи ҷинояткорон дар ҷомеа мебошад. Аз 84 нафари маҳкумшудагон дар ҳаққи 51 нафари онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва нисбати 33 нафари дигар ҷазои ҷарима таъйин гардид. Дар ин давра 2 парвандаи гражданӣ дар зинаи аввал мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳардуи онҳо қарорҳои дахлдори қонунию асоснок қабул карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар семоҳаи сипаригардида ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ 63 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 148 нафар мавриди барраси қарор гирифта, аз онҳо 32 ҳукм нисбати 76 маҳкумшуда бетағйир, 23 санади судӣ нисбати 59 нафар бинобар сабаби тағйир ёфтани банду басти кирдорашон тағйир дода шуда, 8-тои дигар бо айбдории 13 шахс бекор карда шуданд.