Н. АБДУЛЛОЕВ: «ШУМОРАИ ҶИНОЯТКОРОН ДАР ҶОМЕА АФЗУДААСТ»

Апрель 16, 2010 16:20

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Миқдори умумии парвандаҳои ҷиноятии баррасишуда дар Суди олӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 тамойили зиёдшавӣ дошта, дар давраи ҳисоботӣ мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта 7 адад парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 71 нафар зиёдтар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 16 апрел, раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикстон Нусратулло Абдуллоев. Ӯ афзуд, ки сабаби аслии зиёд шудани парвандаҳои ҷиноӣ, пеш аз ҳама  афзудани шумораи ҷинояткорон дар ҷомеа мебошад. Аз 84 нафари маҳкумшудагон дар ҳаққи 51 нафари онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва нисбати 33 нафари дигар ҷазои ҷарима таъйин гардид. Дар ин давра 2 парвандаи гражданӣ дар зинаи аввал мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳардуи онҳо қарорҳои дахлдори қонунию асоснок қабул карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар семоҳаи сипаригардида ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ 63 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 148 нафар мавриди барраси қарор гирифта, аз онҳо 32 ҳукм нисбати 76 маҳкумшуда бетағйир, 23 санади судӣ нисбати 59 нафар бинобар сабаби тағйир ёфтани банду басти кирдорашон тағйир дода шуда, 8-тои дигар бо айбдории 13 шахс бекор карда шуданд.  

Апрель 16, 2010 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид