Н.БОРДЮЖА ДАР БОРАИ ВАЗЪИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОН

Апрель 8, 2010 13:32

Душанбе,  8 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  Муншии  умумии  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  Николай  Бордюжа  зимни  сӯҳбат бо  мухбири   Агентии  иттилоотии  «24 кг» изҳор  намуд, ки  ҳамаи  мамлакатҳои  аъзои  созмон  аз вазъияти  дар  Қирғизистон  рухдода  изҳори ташвиш  менамоянд. Вай  зикр  намуд, ки  дар  бораи   сабабҳои  муташанниҷ  гардидани  вазъияти  Қирғизистон  чизе  гуфтан  душвор  аст,  вале  хабарҳои  аз  Бишкек  расида дар  бораи  ҳалок  шудани  одамон  сабаби  ташвиши  ҷиддӣ  мегарданд. Мо ба  ақли  солим  ва  хирадмандии  ҳамаи  тарафҳои  даргир  умедворем, гуфт Н.Бордюжа. Вай  қайд  кард, ки  боварӣ  дорад, ҳам ҳукумат  ва  ҳам   мухолифин  дар  Қирғизистон  душвории  вазъиятро  дарк  намуда, барои  ба  эътидол  овардани он   кӯшиш  ба  харҷ  дода,  хунрезии беҳуда  ва  хараҷу  мараҷро  барҳам  медиҳанд. Қирғизистон   яке  аз   иттифоқчиёни  Русия  ва   узви  созмонҳои  дар  қаламрави  ИДМ  ташкилёфта  буд ва  мебошад.  Мо  мухолифин  ва  ҳукумати Қирғизистонро  даъват  мекунем, ки  барои таъмини  амнияти  мамлакат  ва   мардуми он  аз  ҳадафҳои  ғаразнок  даст  кашида,  сари  мизи  мушовара  нишинанд,  гуфт  Н.Бордюжа. 

Апрель 8, 2010 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад