НАҚШАҲОИ ҲАМКОРИИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар толори Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои навтарини илмӣ дар соҳаи геология» нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ташкилкунандагони он Раёсати умумии геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Раёсати геологияи Вазорати саноат ва маъдани Эрон мебошанд. Дар нишасти матбуотӣ раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон М.Илолов, сардори Раёсати умумии геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, мудири шӯъбаи илму маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Ҳамидулло Фақиров, мудири шӯъбаи саноату энергетикаи дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Иброҳим Юнусов, директори Пажӯҳишгоҳи геологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Курайфи ва олимону мутахассисони эронӣ ширкат варзиданд. Сардори раёсати умумии геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшида, зикр кард, ки раёсати геологияи Тоҷикистон аз соли 2006 сар карда, бо корхонаю муассисаҳои илмии Эрон ҳамкорӣ мекунад. Дар ин муддат ҳамроҳи мутахассисони эронӣ дар Тоҷикистон се барнома амалӣ карда шуд. Ин барномаҳо ташкили Маркази миллии таҳқиқи Замин, маркази геоматикӣ ва Маркази технологияи иттилоотии раёсат мебошанд. Зикр шуд, ки тӯли солҳои гузашта 10 нафар геологи тоҷик дар Эрон такмили ихтисос намуд. 40 нафар мутахассиси ҷавон ҳамроҳи ҳамкасбони эронӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос таҳсил намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати геологияи Вазорати саноат ва маъдани Эрон дар бораи ҳамкорӣ созишнома имзо кардаанд. Дар доираи он силсилаи барномаҳои муштарак амалӣ карда мешаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






