НАҚШАҲОИ ҲАМКОРИИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

Апрель 30, 2010 16:00

Душанбе,  30 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Имрӯз дар  толори Академияи  илмҳои  ҷумҳурӣ дар мавзӯи  «Дастовардҳои навтарини  илмӣ дар  соҳаи  геология» нишасти  матбуотӣ  баргузор  гардид. Ташкилкунандагони он  Раёсати  умумии  геологияи  назди  Ҳукумати  Тоҷикистон  ва  Раёсати  геологияи   Вазорати саноат ва  маъдани  Эрон мебошанд. Дар  нишасти  матбуотӣ  раиси Академияи  илмҳои  Тоҷикистон М.Илолов,  сардори Раёсати  умумии геологияи  назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  Азим  Иброҳим,  мудири  шӯъбаи  илму  маорифи Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  ҷумҳурӣ Ҳамидулло  Фақиров,  мудири  шӯъбаи  саноату  энергетикаи  дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  ҷумҳурӣ  Иброҳим  Юнусов,  директори  Пажӯҳишгоҳи  геологияи  Ҷумҳурии  Исломии  Эрон  доктор Курайфи  ва олимону  мутахассисони  эронӣ  ширкат  варзиданд. Сардори  раёсати  умумии  геологияи  назди  Ҳукумати  Тоҷикистон  Азим  Иброҳим  нишасти  матбуотиро  ҳусни  оғоз  бахшида,  зикр  кард, ки  раёсати  геологияи  Тоҷикистон  аз  соли  2006  сар  карда,  бо  корхонаю  муассисаҳои  илмии Эрон ҳамкорӣ  мекунад.  Дар  ин  муддат  ҳамроҳи  мутахассисони  эронӣ  дар  Тоҷикистон  се  барнома  амалӣ  карда  шуд.  Ин  барномаҳо  ташкили  Маркази миллии  таҳқиқи  Замин,  маркази  геоматикӣ ва  Маркази  технологияи  иттилоотии  раёсат   мебошанд. Зикр  шуд, ки  тӯли  солҳои гузашта  10  нафар  геологи тоҷик  дар  Эрон  такмили  ихтисос  намуд.  40  нафар  мутахассиси  ҷавон  ҳамроҳи  ҳамкасбони  эронӣ  дар  курсҳои  кӯтоҳмуддати такмили  ихтисос  таҳсил  намуданд. Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  раёсати  геологияи  Вазорати  саноат  ва   маъдани  Эрон  дар  бораи  ҳамкорӣ  созишнома  имзо  кардаанд. Дар  доираи он  силсилаи барномаҳои  муштарак  амалӣ  карда  мешаванд.  

Апрель 30, 2010 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад