НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ ШАҲР ТАРТИБ ДОДА ШУД

Апрель 13, 2010 12:18

Хуҷанд,  13 апрел. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). —  Раиси   шаҳри  Хуҷанд  Содиқҷон  Мирхолиқов  12  апрел  барои  хабарнигорон  нишасти  матбуотӣ ташкил намуда,   хабар  дод, ки  дар  шаҳри  Хуҷанд  дар  давоми  се  моҳи  аввали  соли  2010  нақшаи  истеҳсоли   маҳсулоти  саноатӣ 109,3   фоиз,  нақшаи  қисми  даромади  буҷети  давлат 137,2  фоиз  ва ҷамъоварии андоз 102,1  фоиз  иҷро карда шуд. Дар  ин  давра  7  корхонаи   саноати  сабуки  шаҳр  661,1  тонна   нахи  пахта  истеҳсол  намуд. Дар  ин  муддат  дар  корхонаҳо 2247  ҷои  нави  кор   муҳайё  гардид. Аз  рӯи  натиҷаҳои  се  моҳи гузаштаи  маблағи миёнаи  моҳона  дар шаҳри  Хуҷанд  419,6  сомониро  ташкил  медиҳад. Қайд карда  шуд, ки  тӯли  се  моҳи  гузашта ба  маблағи 3  миллиону  992  ҳазор  сомонӣ  корҳои  сохтмонӣ  иҷро  шуданд. Ғайр  аз  ин  бо  дастгирии Агентии сохтмон ва  меъмории   ҷумҳурӣ  нақшаи  генералии   шаҳр   тартиб дода шуд. Мувофиқи  нақшаи  генералӣ  минбаъд  маҳалҳои  аҳолинишин   аз  рӯи тартиби  муайян   сохта  мешаванд,  гуфт  С.Мирхолиқов.

Апрель 13, 2010 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад