НАФАҚАИ АНДӮХТ ҲИСОБӢ ВА ТАЪИН ГАРДИД
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси қарори Ҳукумати ЧТ «Дар бораи қоидаҳои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз ҳисобномаи инфиродии шахсони суғурташуда», тибқи ҳисоботи пешниҳод намудаи марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ аз 1- уми январ то 24 – уми марти соли 2010 барои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ воридоти 4448 ариза ба қайд гирифта шуда, ҳуҷҷатҳои зиёда аз 3829 нафар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ин миқдор ба 1941 нафар ба воситаи БДА «Амонатбонк» ба маблағи 217560,13 сомонӣ ва ба 1888 нафар дар ҷои кор бо маблағи 401036,30 сомонӣ нафақаи андӯхтӣ ва ҳисобӣ таъин карда шудааст. Таъиноти нафақа дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо назардошти аризаҳои соли гузашта пурра татбиқ гардид. Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 43 ҳазору 658 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 844 ҳазору 614 нафар шахсони воқеӣ ва 63 ҳазору 847 нафар соҳибкорони инфиродиро ба рӯйхат гирифтааст.