НАФАҚАИ АНДӮХТ ҲИСОБӢ ВА ТАЪИН ГАРДИД

Апрель 26, 2010 11:33

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Дар асоси қарори Ҳукумати ЧТ «Дар бораи қоидаҳои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз ҳисобномаи инфиродии шахсони суғурташуда», тибқи ҳисоботи пешниҳод намудаи марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ аз 1- уми январ  то 24 – уми марти   соли 2010 барои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ воридоти 4448 ариза ба қайд гирифта шуда, ҳуҷҷатҳои зиёда аз 3829 нафар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ин миқдор ба 1941 нафар ба воситаи БДА «Амонатбонк» ба маблағи 217560,13 сомонӣ ва ба 1888 нафар дар ҷои кор бо маблағи 401036,30 сомонӣ нафақаи андӯхтӣ ва ҳисобӣ таъин карда шудааст. Таъиноти нафақа дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо назардошти аризаҳои соли гузашта пурра татбиқ гардид. Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 43 ҳазору 658 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 844 ҳазору 614 нафар шахсони воқеӣ ва 63 ҳазору 847 нафар соҳибкорони инфиродиро ба рӯйхат гирифтааст.

Апрель 26, 2010 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид