НАМОИШГОҲ ДАР ҚАСРИ НАВРӮЗГОҲИ ХУҶАНД

Апрель 22, 2010 10:30

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 30 ширкати истеҳсолию саноатии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нахустин намоишгоҳи байналмилалӣ, ки таҳти унвони «Хуҷанд-2010»   аз 26 апрел то 1 май дар Қасри Наврӯзгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад,  иштирок менамоянд. Назар ба иттилои коршинос дар масоили ташкили намоишгоҳҳо ва рекламаи ширкати «Гроу Интернейшнл» Муҳаммад Имронӣ,  хадаф аз ташкили намоишгоҳ тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ байни тоҷирони тоҷику эронӣ ва табодули таҷриба дар бахши истеҳсоли маҳсулоти гуногун аст. Намоишгоҳ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ширкати байналмилалии «Сурӯши Хуросон» -и шаҳри Машҳад, ки собиқаи фаъолияти беш аз 25 сола дорад гузаронида мешавад. Дар намоишгоҳ маҳсулот ва молҳои гуногун,  аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ, ҷавоҳирот, атриёт,  асбобҳои гуногуни электрикӣ, маҳсулоти хӯрока, ки истеҳсолкунандаҳояшон ширкатҳои «Гулчикон», «Пирӯзбом», «Роҳгустари Форс», «Сувенит Кеш», «Чой Рефоҳ» ва ғайра мебошанд ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.       

Апрель 22, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад