НАМОИШИ АСАРҲО БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

Апрель 30, 2010 10:06

Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Рўзи 6 майи соли равон Вазорати фарҳанг дар якҷоягӣ бо Академияи мусавварӣ, Бунёди мусавварӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 65-солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоиши асарҳои рассомии халқии Комил Ёдгор  баргузор мекунад. Дар ин намоишгоҳ асарҳои  дар 25 соли охир офаридаи рассом ба маърази тамошо гузошта мешавад, ки дар онҳо таърихи гузаштаи мардуми тоҷик, ҳаёти имрўзи мардум, дар умум, эҳсоси дарди ҷомеа инъикос ёфтаанд. Даромад ба ин намоишгоҳ озод буда, ҳамчунин намояндагон аз  сафоратхонаҳои хориҷии дар Тоҷикистон воқеъбуда, кормандони ҳукумати ҷумҳурӣ ва аҳди илму адаб  ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.  

Апрель 30, 2010 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад