НАМОИШИ СУРАТҲОИ СОЛҲОИ ҶАНГ
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар майдони назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 65 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ намоишгоҳи суратҳои солҳои ҷанг кушода шуд. Ташкилкунандаи намоиши суратҳо намояндагии Агентии ҳамкории гуманитарии Русия бо мамлакатҳои дигари ИДМ мебошад. Дар намоишгоҳ зиёда аз 200 акси дар давоми солҳои 1941 – 45 гирифтаи мухбирон пешкаши тамошобинон карда мешавад. Муаллифи аксарияти суратҳо сармуҳаррири собиқи шӯъбаи ахбори мусаввари ТоҷикТА Леонид Окунев ва журналисти тоҷик, раиси Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон Геннадий Ратушенко мебошанд. Намоишгоҳи суратҳоро то миёнаҳои моҳи май тамошо кардан мумкин аст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






