НАРХИ СӮЗИШВОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ БОЗ БОЛО РАФТ

Апрель 5, 2010 12:05

             Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Охири моҳи март ва аввали моҳи апрели соли ҷорӣ нархи сӯзишворӣ дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯш   боло рафт.             Айни замон як литр бензини навъи 92 се  сомонию  чил – се сомонию 50 дирам ба фурӯш бароварда мешавад. Ин дар ҳолатест, ки як ҳафта пештар он дар як қисм  нуқтаҳои фурӯш бо нархи 3 сомонву 10 3 сомониву 20 дирам  фурӯхта мешуд.             Бино ба гуфти сардори хизмати боркашонии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Гулчеҳра Маҳмудова, аз 23 – юм то 29 – уми марти соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 119 қатора бо маҳсулоти сӯзишворӣ вориди Душанбе гардидааст, ки аз ин 57 қатора бо сӯзишвории реактивӣ, 30 қатора бензин ва 30 қатора сӯзишвории дизелӣ мебошанд.             Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, боз 516 қатора бо сӯзишворӣ  ва 390 қатора бо гилхок барои «Корхонаи Алюминии Тоҷик» дар ҳудуди Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешаванд. Дар муҳосира нигоҳ доштани сӯзишворӣ боиси суст шудани суръати  кишт дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ гардидааст.

Апрель 5, 2010 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд