НАШРИ ДУБОРАИ «НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК»

Апрель 16, 2010 16:19

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз бо ибтикори кафедраи услуб ва таҳрири адабии факултаи журанлистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида солзоди Садриддин Айнӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он ректори ДМТ Нуриддин Саидов, писари устод Камол Айнӣ, донишманди маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ва устодону шогирдони донишгоҳ иштирок ва роҷеъ ба паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ сухан ронданд. Қайд гардид, ки саҳми устод Айнӣ дар рушд ва ташаккули забони адабии тоҷикӣ, адабиёти муосири тоҷик, матбуот ва таърихи тоҷикон хеле назаррас буда, ба соҳибистиқлолии давлати имрӯзаи тоҷикон мусоидат намудаанд. Камол Айнӣ оид ба ҳаёт ва эҷодиёти падараш нақл карда, иттилоъ дод, ки бо дарназардошти саҳми арзандаи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ривоҷи минбаъдаи таъриху адабиёт ва фарҳангу тамаддуни тоҷикон, рӯзҳои наздик нашри нави он дастраси мардум мегардад. Гуфтанист, ки устод Айнӣ  бо хизматҳои  иҷтимоӣ, осори илмиву таърихӣ ва адабиаш, ки оламшумуланд, номи хешро ҷовидон дар таърихи ҳам миллати тоҷик ва ҳам адабиёти ҷаҳонӣ гузоштааст.

Апрель 16, 2010 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд