«НАВРӮЗИ РОҒУН» АЗ БОҒИ АҲЛИ ИЛМУ АДИБИ ТОҶИК

Апрель 6, 2010 14:16

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Китоби дастаҷамъии аҳли илму адаби тоҷик бо номи «Наврӯзи Роғун» 9 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муаррифӣ карда мешавад. Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самадов, ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки китоби мазкур ба наздикӣ дар нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха  чоп шуда, дар он намунаи эҷоди назму насри 89 шоиру нависандаи тоҷик гирд оварда шудааст. Ҳамаи шеъру очерку публитсистикаи  дар ин маҷмӯа наршгардида, ба НОБ-и Роғун бахшида шудааст. Китоби мазкур бо Муроҷиатномаи Сарвари давлат ба мардуми Тоҷикистон оид ба сохтмони ин нерӯгоҳи нурофарин оғоз ёфта, сухани муқаддимавии он ба қалами раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ тааллуқ дорад. Аз ҷумла, дар он омадааст, ки «Наврӯзи Роғун» дастовардест аз боғи аҳли илму адаби тоҷик, ки ба бинокорони НОБ-и Роғун тақдим мегардад».    

Апрель 6, 2010 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд