«НАВРӮЗИ РОҒУН» АЗ БОҒИ АҲЛИ ИЛМУ АДИБИ ТОҶИК
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Китоби дастаҷамъии аҳли илму адаби тоҷик бо номи «Наврӯзи Роғун» 9 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муаррифӣ карда мешавад. Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самадов, ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки китоби мазкур ба наздикӣ дар нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха чоп шуда, дар он намунаи эҷоди назму насри 89 шоиру нависандаи тоҷик гирд оварда шудааст. Ҳамаи шеъру очерку публитсистикаи дар ин маҷмӯа наршгардида, ба НОБ-и Роғун бахшида шудааст. Китоби мазкур бо Муроҷиатномаи Сарвари давлат ба мардуми Тоҷикистон оид ба сохтмони ин нерӯгоҳи нурофарин оғоз ёфта, сухани муқаддимавии он ба қалами раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ тааллуқ дорад. Аз ҷумла, дар он омадааст, ки «Наврӯзи Роғун» дастовардест аз боғи аҳли илму адаби тоҷик, ки ба бинокорони НОБ-и Роғун тақдим мегардад».








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






