НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗИРИ МАОРИФ
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). — Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ҷараёни иҷрои барномаи давлатии бо компютер таъмин намудани мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакат дар давоми солҳои 2008 – 2010 таҳти назорати доимии вазорати маориф қарор дорад ва барои амалӣ сохтани он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ба қавли вазир, то имрӯз мактабҳои мамлакат соҳиби 28 ҳазору 208 компютер, 4111 дастгоҳи чопи лазерӣ ва 1519 генератори дизелии барқӣ мебошанд. Барномаи бо компютер таъмин намудани мактабҳо айни ҳол 83 фоиз иҷро шудааст. Вазир дар баробари натиҷаҳои мусбати фаъолияти соҳаи маориф дар бораи камбудию норасоиҳо низ сухан ронд. Вай зикр намуд, ки дар давоми се моҳи гузашта фаъолияти якчанд муассисаи таълими ибтидоӣ ва касбии миёна тафтиш карда шуд. Умуман сифати таълим ва заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар сатҳи паст қарор дошта, ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавоб намедиҳад. Дар натиҷаи тафтиш маълум гардид, ки яке аз сабабҳои дараҷаи пасти дониши талабагон фаъолияти сусти кафедраҳои алоҳида, бо китобҳои дарсӣ таъмин набудани мактабҳо, бо асбобу анҷоми зарурӣ ва моддаҳои химиявӣ таъмин накардани лабораторияҳо ва ташкили ниҳоят сусти фаъолияти маҳфилҳои донишҷӯён мебошанд. Ин масъала дар маҷлиси ҳайати мушовараи вазорат муҳокима карда шуд. Барои рафъи камбудиҳои ошкоргардида ба кормандони масъул супоришҳо ва тавсияҳои дахлдор дода шуд, гуфт вазири маориф.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






