НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗИРИ МАОРИФ

Апрель 12, 2010 16:47

Душанбе,  12 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина ). —  Вазири  маорифи  ҷумҳурӣ  Абдуҷаббор  Раҳмонов  имрӯз  зимни  нишасти  матбуотӣ изҳор  намуд, ки  ҷараёни  иҷрои барномаи давлатии  бо  компютер таъмин  намудани   мактабҳои таҳсилоти  умумии   мамлакат  дар  давоми  солҳои  2008 – 2010  таҳти назорати   доимии  вазорати  маориф  қарор  дорад ва  барои   амалӣ  сохтани он   тадбирҳои  зарурӣ  андешида  мешаванд. Ба  қавли  вазир,  то  имрӯз   мактабҳои  мамлакат   соҳиби  28  ҳазору  208  компютер,  4111  дастгоҳи  чопи  лазерӣ ва 1519  генератори  дизелии барқӣ мебошанд. Барномаи  бо  компютер таъмин  намудани  мактабҳо  айни  ҳол  83  фоиз  иҷро  шудааст. Вазир  дар  баробари   натиҷаҳои  мусбати  фаъолияти  соҳаи  маориф  дар бораи  камбудию  норасоиҳо  низ  сухан  ронд. Вай  зикр намуд, ки дар  давоми  се  моҳи  гузашта фаъолияти  якчанд  муассисаи  таълими  ибтидоӣ ва касбии  миёна  тафтиш  карда  шуд. Умуман   сифати таълим  ва   заминаи   моддию  техникӣ  ва  кадрии   муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ  дар  сатҳи  паст  қарор  дошта,  ба талаботи  стандарти  давлатӣ  ҷавоб  намедиҳад.  Дар  натиҷаи тафтиш  маълум  гардид, ки  яке  аз  сабабҳои   дараҷаи  пасти  дониши  талабагон  фаъолияти  сусти  кафедраҳои  алоҳида, бо  китобҳои  дарсӣ таъмин  набудани  мактабҳо,  бо  асбобу  анҷоми  зарурӣ  ва  моддаҳои  химиявӣ  таъмин  накардани  лабораторияҳо  ва  ташкили  ниҳоят  сусти   фаъолияти  маҳфилҳои  донишҷӯён  мебошанд.  Ин  масъала  дар маҷлиси  ҳайати  мушовараи  вазорат  муҳокима  карда шуд.  Барои рафъи  камбудиҳои ошкоргардида  ба  кормандони  масъул  супоришҳо ва тавсияҳои  дахлдор  дода шуд,  гуфт  вазири  маориф.

Апрель 12, 2010 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид