НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗИРИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОСТОНА
Остона, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов дар фарҷоми рӯзи аввали анҷумани нахустини омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои ИДМ дар шаҳри Остона нишасти матбуотӣ ташкил намуда, ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори оммавии Қазоқистон ва мамлакатҳои дигари ИДМ ҷавоб дод. Вай рақамҳоеро мисол овард, ки дар бораи ҳамкории самарабахши Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи маориф шаҳодат медиҳанд. Қайд карда шуд, ки Вазорати маорифи Қазоқистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар мактабҳои олии мамлакат ҳар сол 100 ҷой ҷудо мекунад. Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳам барои ҷавонони қазоқ имкониятҳои хуби таҳсил муҳайё сохтааст. Инчунин академияҳои маорифи ҳар ду кишвар ҳамаҷониба ва самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. А.Раҳмонов изҳор намуд, ки ҳоло дар 29 мактаби олии Тоҷикистон аз 23 давлати хориҷӣ 4000 донишҷӯ таҳсил мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷараёни анҷумани нахустини омӯзгорони мамлакатҳои ИДМ дар шаҳри Остона байни Академияи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони маорифи Федератсияи Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо карда шуд. Созишномаро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Академияи маориф Ирина Каримова ва аз ҷониби Русия муовини аввали раиси Академияи такмили ихтисоси омӯзгорон Александр Ритов имзо намуданд. Хабар дода мешавад, ки дар доираи анҷумани мазкур дар шаҳри Остона намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи маорифи мамлакатҳои ИДМ кушода шуд. Шӯъбаи Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг» — и Вазорати фарҳанг ташкил намуд. Тамошобинон дар шӯъбаи Тоҷикистон экспонатҳои ҷолиби диққатро тамошо мекунанд. Дар байни онҳо расму суратҳои намояндагони адабиёти тоҷику форс, рамзҳои давлатии ҷумҳурӣ, адабиёти методӣ, китобҳои дарсӣ, фарҳангу луғатҳо ва дастурамалҳои таълимиро дидан мумкин аст. Директори нашриёти «Маориф ва фарҳанг» Наҷмиддин Зайниддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки тамошобинони сершумори намоишгоҳ ба асарҳои адибони классики форсу тоҷик, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ, харитаи Тоҷикистон ва ғайра мароқ зоҳир намуданд.