НИЗОМИЁНИ ТОҶИК ДАР РАСМИ ГУЗАШТИ ИДИ ҒАЛАБА ШИРКАТ МЕВАРЗАНД

Апрель 30, 2010 15:28

Душанбе,  30 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Тавре  хабар  дода шуда буд,  9  май  дар  Майдони  Сурхи  пойтахти  Русия  ба  муносибати  65 – солагии Ғалабаи  бузурги  халқҳои  шӯравӣ бар фашизм  расми  гузашти  низомии  идона   баргузор  мегардад.  Дар  он  қисмҳои  ҳарбии  Британияи  Кабир,  ИМА,  Фаронса  ва  Лаҳистон  иштирок  менамоянд. Дар  расми  гузашти  идона  низомиёни  ҷумҳуриҳои  собиқи  шӯравӣ  —  Озарбойҷон,  Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва  Украина  низ  ширкат  меварзанд. Аз  дафтари  матбуоти  Вазорати  мудофиаи  Тоҷикистон  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  дар  расми  гузашти  идонаи   шаҳри  Маскав   75  нафар  донишҷӯи  Донишкадаи  ҳарбии Вазорати  мудофиа  ширкат  хоҳад  варзид. Онҳо  аз Майдони  Сурх  бо  Парчами  давлатии ҷумҳурӣ  гузар  хоҳанд  кард.

Апрель 30, 2010 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад