НОҲИЯ ОБОД МЕШАВАД
Хуҷанд, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов 13 апрел дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар давоми се моҳи аввали соли равон дар ноҳия ба маблағи 12 миллион сомонӣ маҳсулоти саноат ва ба маблағи 23,4 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 5,1 ва 3,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ноҳия на танҳо ба зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, балки ба кам намудани маблағи қарзи андоз, пешрафти соҳаҳои иҷтимоию фарҳанг ва варзиш диққати калон дода мешавад. Вай зикр намуд, ки маблағи қарзи андоз нисбат ба аввали моҳи январи соли равон 13,4 миллион сомонӣ кам карда шуд. Дар ноҳия барномаҳои дар доираи ҷумҳурӣ қабулгардида бомуваффақият иҷро карда мешаванд. Барои иҷрои чунин барномаҳо дар давоми семоҳаи аввали соли равон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 30,7 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Мо барои пешрафти иҷтимоию иқтисодии ноҳия на танҳо аз захираю имкониятҳои дохилӣ, балки аз кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ низ истифода мебарем. Масалан, Созмони Милали Муттаҳид тайёр аст, барои иҷрои баъзе барномаҳо дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ, саноат, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, паст намудани сатҳи оби зеризаминӣ дар ҳаҷми 3 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо кунад. Ба мо барномаҳое лозиманд, ки самараи хуб дода, дар баробари ин ба талаботи сармоягузорон ҷавоб дода тавонанд, гуфт Л.Муҳиддинов. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 1926 ташкил ёфта, масоҳаташ зиёда аз 2651 ҳазор метри мураббаъ ва шумораи аҳолии он бештар аз 300 ҳазор нафар мебошад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






