НОҲИЯ ОБОД МЕШАВАД

Апрель 14, 2010 11:12

Хуҷанд,  14 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  Раиси  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  Лутфулло  Муҳиддинов 13  апрел  дар  ҷараёни  нишасти  матбуотӣ хабар дод, ки  дар  давоми  се  моҳи  аввали  соли  равон  дар  ноҳия   ба  маблағи  12  миллион   сомонӣ  маҳсулоти  саноат  ва ба  маблағи 23,4  миллион  сомонӣ  маҳсулоти  кишоварзӣ  истеҳсол  карда  шуд.  Ин  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта  мувофиқан 5,1  ва  3,7  фоиз  зиёд  мебошад. Дар  ноҳия  на танҳо  ба  зиёд  кардани  истеҳсоли  маҳсулот,  балки  ба  кам  намудани   маблағи  қарзи  андоз,  пешрафти  соҳаҳои  иҷтимоию   фарҳанг  ва  варзиш  диққати  калон  дода  мешавад. Вай  зикр  намуд, ки   маблағи  қарзи  андоз  нисбат ба  аввали  моҳи  январи соли  равон  13,4  миллион  сомонӣ  кам  карда шуд. Дар  ноҳия барномаҳои  дар  доираи  ҷумҳурӣ  қабулгардида бомуваффақият  иҷро  карда  мешаванд. Барои  иҷрои  чунин  барномаҳо  дар  давоми  семоҳаи  аввали  соли  равон   аз  ҳисоби  буҷети  маҳаллӣ 30,7  ҳазор  сомонӣ  ҷудо  карда  шуд. Мо барои   пешрафти  иҷтимоию  иқтисодии  ноҳия  на танҳо  аз  захираю  имкониятҳои  дохилӣ,  балки   аз  кӯмаки  созмонҳои  байналмилалӣ  низ  истифода  мебарем. Масалан,   Созмони  Милали  Муттаҳид  тайёр  аст,  барои  иҷрои  баъзе  барномаҳо  дар  соҳаҳои  сохтмон,  кишоварзӣ,  саноат,  аз  ҷумла  сохтмони роҳҳо,  паст  намудани  сатҳи  оби   зеризаминӣ  дар  ҳаҷми  3  миллион  доллари  ИМА  маблағ  ҷудо  кунад. Ба  мо  барномаҳое   лозиманд, ки самараи  хуб  дода,  дар  баробари  ин  ба талаботи  сармоягузорон   ҷавоб  дода  тавонанд,  гуфт Л.Муҳиддинов. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  соли  1926  ташкил  ёфта,   масоҳаташ  зиёда  аз 2651 ҳазор  метри  мураббаъ  ва  шумораи  аҳолии  он  бештар  аз  300  ҳазор  нафар  мебошад.  

Апрель 14, 2010 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид