ОҒОЗИ АМАЛИЁТИ «КӮКНОР-2010» ДАР ҶУМҲУРӢ

Апрель 30, 2010 16:58

Душанбе, 30 апрел ( АМИТ «Ховар». Фирдавс Таваров) — Бо мақсади ташкили муборизаи муштараки вазорату идораҳои  дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷиҳати ошкору набуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва ғайриқонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз аввали баҳор то охири тирамоҳ амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад, ки он давра ба давра доир мешавад. Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҷаласаи Ситоди кории амалиёти мазкур баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои зидахл ширкат варзиданд. Қарор шуд, ки дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2010»  ҳар ду моҳ ҷаласаи Ситоди корӣ гузаронида шавад. Аммо дар ҳоли ба миён омадани зарурат Ситод метавонад ҷаласаҳои сайёри худро дар вилоятҳо ва ё минтақаҳое, ки вазъи нашъамандӣ мураккаб арзёбӣ мешавад, баргузор кунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Маврид ба ёдоварист, ки соли гузашта дар натиҷаи амалиёти  «Кӯкнор», ки аз 1 май то 30 ноябр баргузор шуда буд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ бештар аз 2 тоннаву 385 кило воситаҳои нашъаовар мусодира намуданд, ки зиёда аз 787 килои онро героин ташкил медод.Дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ худудан 532 кило афюн ва беш аз 1 тоннаву 165 кило мухаддироти гурӯҳи каннабис забт гардид. Фаъол гардидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба ошкор кардани 93 ҳодисаи нашъунамо ва нобудсозии бангдонаи худрӯй дар майдони умумии 18,4 га замин мусоидат кард.      

Апрель 30, 2010 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд