ОҒОЗИ ДАВРАИ ТАҲҚИҚИ КАЙҲОН
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар»). — 12 апрели соли 2010 ба аввалин парвози инсон ба фазои кайҳон 49 сол пур шуд. 12 апрели соли 1961 шаҳрванди Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Юрий Алексеевич Гагарин бори аввал дар таърихи башарият бо киштии кайҳонии «Восток» ба фазои кайҳон парвоз карда, дар атрофи Замин ду маротиба давр зад. Ба хотири бузургдошти ҳамин воқеа ҳар сол 12 апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳавонавардӣ ва таҳқиқоти фазои кайҳон таҷлил карда мешавад. Бояд гуфт, ки Федератсияи байналмилалии авиатсионӣ Рӯзи кайҳоннавардонро ҳамчун иди байналхалқӣ муқаррар намудааст. Парвози Ю.А.Гагарин ба кайҳон назарияи имконияти фаъолияти инсонро дар кайҳон ба воқеият табдил дода, дар фаъолияти инсоният самти нави илмӣ — таҳқиқи фазои кайҳонро ибтидо гузошт. Ю.А.Гагарин дар мадори назди Замин ҳамагӣ 108 дақиқа парвоз карда буд, имрӯз кайҳоннавардон дар фазои кайҳон муддатҳои тӯлонӣ парвоз мекунанд. Инсоният баъди парвози Гагарин дар таҳқиқи фазои кайҳон комёбиҳои калон ба даст овард. Одамон баъди ин ба Моҳ баромада, қариб ҳамаи ситораҳои системаи Офтобро таҳқиқ намуданд. Вале парвози Ю.А.Гагарин ба кайҳон ҳамчун иқдоми аввалини инсоният ба сӯи ситораҳо дар таърих боқӣ мемонад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






