ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҲУНАРҲОИ ДАСТИИ МАРДУМӢ
Қӯрғонтеппа, 30 апрел.( АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон рӯзҳои наздик озмуни ҳунарҳои мардумии дастӣ баргузор мегардад, ки дар он сарфи назар аз синну сол, тамоми ҳунармандон ширкат варзида метавонанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар», сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Фирӯза Шарипова иттилоъ дод, ки ин озмун асосан дар доираи силсилабарномаҳои «Рушди туризми Хатлон барои солҳои 2010-2015» доир гардида, ҳадаф аз созмон додани он — эҳёи ҳунарҳои мардумист, зеро сайёҳони хориҷӣ низ маҳз ба он бештар таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд. Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки дар озмун асосан ҳунармандоне ширкат варзида метавонанд, ки аз қобилияти сохтани ҳаргуна ашёҳо аз гил ва чӯб ва малакаи сӯзанидузӣ бархурдор бошанд. Ёдовар мешавем, ки айни замон дар чаҳорчӯбаи татбиқи ин барнома Раёсати мазкур мавзеъҳои таърихию зебоманзари вилояти Хатлонро мавриди омӯзиш қарор додааст ва соли ҷорӣ ифтитоҳи сомонаи интернетии ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобоби вилояти Хатлон дар назар аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






