ОБ САРВАТИ БЕБАҲО

Апрель 1, 2010 10:01

Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Пешрафти тамаддуни башариро бидуни об тасаввур кардан ғайри имкон аст,- гуфтааст олими амрикоӣ Ҳамонд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди Русия  аз ҷиҳати захирахои обӣ дар ҷойи дуюм меистад, нақшаҳои зиёди иқтисодиро дар истифодаи он ба даст дорад. Тибқи нақшаҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикисон, дар дарёи Панҷ аз нигоҳи иқтисодӣ сохтмони 13 нерӯгоҳ, аз қабили: неррӯгоҳҳои барқи обии «Баршор», «Андароб», «Пиш», «Хоруғ», «Рӯшон», «Язғулом», «Дарвозаҳои хоро», «Ширговад», «Хостав» дар Бадахшон, «Даштиҷум», «Ҷумар», «Москва» ва «Кончӣ» дар вилояти Хатлон аз 300 то 4000 ҳазор МГВт буда, метавонад маҷмӯан 80,6 млрд. кВт соат дар як сол нерӯи барқ истеҳсол  кунанд, пешбинӣ шудааст. Дар дарёи кӯҳии  Зарафшон 10 нерӯгоҳ бо истеҳсоли солонаи беш аз 33 млрд. кВт соат ва дар дарёи Кофарниҳон 7 нерӯгоҳ бо истеҳсоли солонаи 8,7 млрд.кВт соат имконпазир аст,- иброз доштанд дар Пажӯҳишгоҳи «Нурофар» ба мухбири АМИТ «Ховар».

Апрель 1, 2010 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад