ОЛИМОН ЗОДРӮЗИ АЙНИРО ҚАЙД КАРДАНД

Апрель 16, 2010 16:15

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин). – Ҳар сол, 15-уми апрел, дар рўзи таваллуди Садриддин Айнӣ ҷаласае унвони “Cолонаи Айнӣ” барпо мешавад, ки аҳли илму адаб ва фарҳанг перомуни ҷанбаҳои мухталифи осори устод гузоришҳои илмӣ   матраҳ      мекунанд. Имсол низ ҷаласаи навбатии “Солонаи Айнӣ” бо ибтикори Раёсати Академияи илмҳои ҶТ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ ва Кумитаи Айнӣ баргузор шуд, ки аҳли илму фарҳангро бори дигар ба осори безаволи устод Айнӣ мутаваҷҷӯҳ кард. Сессияро Президенти АИ ҶТ  М.Илолов ифтитоҳ кард ва сипас, устодон М.Имомов ва М.Абдуллоев, Б. Камолиддинов, А. Муҳаммадаминов, Ш. Раҳмонов дар мавзўъҳои “Инъикоси масъалаи тоҷикон дар рўзномаҳои узбекзабон”,”Таъсирпазирии Айнӣ аз насри классикӣ”,”Китоби пандомўзи устод” ва “Имлои забони тоҷикӣ аз назари устод Айнӣ” гузоришҳо доданд. Мавриди зикр аст, ки устод Айнӣ  бо хизматҳои  иҷтимоӣ, осори илмиву таърихӣ ва адабиаш, ки оламшумуланд, номи хешро ҷовидон дар таърихи ҳам миллати тоҷик ва ҳам адабиёти ҷаҳонӣ гузоштааст. Қаҳрамони халқи тоҷик- аллома Айнӣ умри худро нисори миллати тоҷик кардааст ва осоре, ки аз ў ба ёдгор мондааст, мероси ин миллат мебошад.       

Апрель 16, 2010 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд