ОЗМУН БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Созмони ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии созмони «Акт Централ Азия» дар байни журналистони Тоҷикистон дар мавзӯи «Тағйири иқлим» озмуни эҷодӣ эълон менамояд. Дар озмун кормандони ҳамаи воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла рӯзномаю маҷаллаҳо, радиою телевизион ва ғайра ширкат варзида метавонанд. Дар мақолаҳо ва асарҳои ба озмун пешниҳодшаванда бояд проблемаҳои экологии Тоҷикистон вобаста ба тағйири иқлим инъикос карда шаванд. Асарҳо барои озмун аз 1 то 27 апрел ба Созмони ҷамъиятии «Хома» пешниҳод карда мешаванд. Яке аз шартҳои озмун ҳамин аст, ки маводи ба он пешниҳодшаванда бояд дар матбуот чоп шуда, ба воситаи радио шунавонида ё дар телевизион намоиш дода шуда бошанд. Аз рӯи натиҷаҳои озмун иштирокчиёни машғулиятҳои оянда дар мавзӯи «Огоҳии аҳолӣ аз тағйири иқлим тавассути расонаҳои гурӯҳӣ» интихоб карда мешаванд. Аз байни иштирокчиёни озмун се нафар ғолиб муайян карда хоҳад шуд. Онҳо моҳи ноябри соли 2010 дар конфронси ҷаҳонии СММ иштирок хоҳанд кард, ки дар Мексика баргузор мегардад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






