ОЗМУН ДАР БАЙНИ СОҲИБКОРОНИ ПОЙТАХТ

Апрель 12, 2010 15:23

Душанбе, 12 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар асоси  Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пойтахт  озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» гузаронида мешавад. Озмун дар ду давр баргузор гардида, даври аввали он  то 22-юми апрели соли равон дар ноҳияҳои пойтахт ва даври дуюм байни ғолибони даври якум то 28-уми апрели соли 2010 ҷараён мегирад. Озмун аз рӯйи 8 номгӯй —  «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ», «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук», «Истеҳсоли махсулоти истифодаи саноат», «Сохтмон, тармим ва таъмир», «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо», «Меъморӣ, дизайн», «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ», «Хӯроки умумӣ», «Савдо», «Хизмати маишӣ», «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология», «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ», «Хизматрасонии тиббӣ», «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм», «Хизматрасонӣ барои рушди соҳибкорӣ: таълим, маркетинг, аудит, консалтинг, пешбарии муҳосибот ва кӯмаки ҳуқуқӣ», «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама», «Технологияҳои телекомуникатсионӣ» ва «Технологияҳои иттилоотӣ» гузаронида мешавад. Ҳадафи асосии озмун рушди  бахши соҳибкорӣ дар пойтахт мебошад. Ғолибони озмун бо нишони рамзии ғолиби озмун аз рӯи ҳар як номинатсия, дипломи фахрии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва «Пешсафи соҳибкорони шаҳри Душанбе» ба нишони рамзӣ ҷом ва «Ифтихорнома»-и шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Апрель 12, 2010 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд