ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН СОЗИШНОМАИ СААД-РО БА ТАСВИБ МЕРАСОНАД
Душанбе, 5 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-5 апрел дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд. Дар ҷаласа лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағийрот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Дар бораи Созишнома оид ба Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва тасдиқи ҷадвали қабули шаҳрвандон аз тарафи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки масъалаҳои баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуданд.