ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ МИЁНИ ҶАВОНОН
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар доираи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 ва Лоиҳаи «Пешгирии бемории ВНМО миёни ҷавонони деҳот» дар 50 шаҳру ноҳияҳои интихобӣ давоми се моҳи соли ҷорӣ чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ-итилоотӣ бо фарогирии беш аз 156000 наврасон ва ҷавонон баргузор гардиданд. Тавре муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Кабирҷон Ҷураев дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, дар самти пешгирии нашъамандӣ миёни ҷавонон намояндаи Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони Агентии назорати маводи нашъадор, Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи занон ва оила фаъолияти ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлонро мавриди санҷиш қарор доданд. Инчунин, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои наздисарҳадии Ҳамадонӣ, Фархор ва Шӯрообод вобаста ба пешгирии нашъамандӣ бо ҷавонони маҳал вохӯриҳо доир намуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 150 ҳазор ҷавонон бо иттилооти дахлдор фаро гирифта шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






