ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ МИЁНИ ҶАВОНОН

Апрель 12, 2010 15:19

Душанбе,  12 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   Дар доираи Барномаи рушди саломатии ҷавонон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 ва Лоиҳаи «Пешгирии бемории ВНМО миёни ҷавонони деҳот» дар 50 шаҳру ноҳияҳои интихобӣ давоми се моҳи соли ҷорӣ  чорабиниҳои гуногуни  маърифатӣ-итилоотӣ бо фарогирии беш аз 156000 наврасон ва ҷавонон баргузор гардиданд. Тавре муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Кабирҷон Ҷураев дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, дар самти пешгирии нашъамандӣ миёни ҷавонон намояндаи Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони Агентии назорати маводи нашъадор, Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи занон ва оила фаъолияти ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлонро мавриди санҷиш қарор доданд. Инчунин, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои наздисарҳадии Ҳамадонӣ, Фархор ва Шӯрообод вобаста ба пешгирии нашъамандӣ бо ҷавонони маҳал вохӯриҳо  доир намуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 150 ҳазор ҷавонон бо иттилооти дахлдор фаро гирифта шудаанд.

Апрель 12, 2010 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд