ПЕШРАВИҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ БДА «АМОНАТБОНК»

Апрель 12, 2010 15:01

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявии кишвар дар солҳои охир, ки таваҷҷӯҳ ва фаъолияти тамоми сохторҳои молиявӣ ба он равона карда шудааст, ин ҷалби ҳарчи бештари воситаҳои пулӣ ва сармояҳои аҳолӣ ба бонкҳои дар дохили кишвар амалкунанда мебошад. Ин нукта дар баромад ва вохўриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор таъкид гардида, ба идора ва ташкилотҳои дахлдор ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани хизматрасонии мазкур дастуру супоришҳо дода шудаанд. Бонки давлатии амонатгузории (БДА) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  ҷиҳати ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқгардонии қабулу ҷойгиркунии амонатҳо, фаъолияти пурсамари кормандон, омода намудани мутахассисони сатҳи байналмиллалӣ ва муносибату муомила бо мизоҷон кўшишу заҳмати зиёд ба харҷ медиҳад. «Амонатбонк» ҳамчун яке аз бонкҳои собиқадор дар ин самти фаъолият бо назардошти талабот ва хоҳиши мизоҷон як идда шаклҳои амонатҳоро бо мӯҳлатҳои гуногун имрўз дар фаъолияти рўзмарраи муассисаҳои худ ҷорӣ намудааст. Дар ҳоли ҳозир амонатҳои Амонатбонк вобаста ба шарту шароитҳояшон ба амонатҳои «Мўҳлатнок», «Мўҳлатноки ҷамъшаванда», «Мўҳлатнок бо пардохти иловагӣ», «Мўҳлатноки кўдакона», «Нафақавӣ», «Ҳамватани бурунмарзӣ», «Имконият» тақсим мешаванд. Шумораи мизоҷони амонатгузор дар тамоми муассисаҳои бонк зиёда аз 80 ҳазор нафарро, ки аз онҳо 72,5 ҳазор нафарашон шахсони вокеъӣ ва зиёда аз 8 ҳазор нафарашон шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ташкил дода, маблағи умумии амонатҳои онҳо 380 миллион сомониро ташкил медиҳанд.  Амонатбонк дорои шабакаи бузурги муассисаҳо буда, бахшу шўъба ва оҷонсиҳои он дар саросари кишвар амал мекунад. Ин ягона бонкест, ки сохторҳои он ҳатто дар хурдтарин деҳоти мамлакат фаъолият карда, сокинони дуртарин маҳаллаҳои аҳолинишини кишварро бо хизматрасониҳои бонкӣ таъмин менамояд. Чанд рўз пеш дар яке аз ҷалассаҳои корӣ, Раёсати бонк дурнамо ва нақшаи фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои бонкро оид ба фаъолият дар самти хизматрасонии ҷалби амонатҳои аҳолӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, тасмим гирифт, ки бо мақсади боз ҳам самарабахшу дар сатҳи муосир ба роҳ мондани ин шакли фаъолият ва шаффофияти муносибат бо мизоҷон, ба ҷои дафтарчаҳои амонагузорӣ кортҳои бонкиро ба истифода диҳад. Гузариш ба ин шакли муосир ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» аз соли 2008 оғоз гардида, то имрўз якчанд самти фаъолияти бонк аз қабили пардохти музди меҳнат ва пардохти нафақаи аҳолӣ ба ин тарз ҷорӣ гардидааст. Натиҷаҳо нишон доданд, ки ҳарчӣ соддагардонӣ ва шаффоф ба роҳ мондани коргузориҳо дар фаъолият, таваҷҷӯҳ ва боварии мизоҷонро дучанд гардонида, сафи онҳоро меафзояд. Боварӣ ва эътимод беҳтарин маром дар муомилоти бонкӣ маҳсуб меёбад. Амонатбонк барои дарёфти боварӣ ва эътимоди мардум тамоми васоити ақлонӣ ва моддии худро сафарбар намуда, баҳри дарёфти роҳу восита ва таҷрибаҳои пешқадам кушиш ба харҷ медиҳад.  

Апрель 12, 2010 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд