ПОСИ ХОТИРИ АРБОБИ БАРҶАСТАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

Апрель 30, 2010 09:43

Душанбе,  30 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари  Абӯбакр). —  4  май  110 —  солагии  рӯзи  таваллуди  арбоби  барҷастаи  сиёсию  ҳизбӣ  ва давлатии  Тоҷикистон   Абдураҳим  Ҳоҷибоев  ҷашн  гирифта  мешавад. Дар  ин  бора  раиси  вилояти  Суғд  Қоҳир  Расулзода  қарори  дахлдор  қабул  намуд. А.Ҳоҷибоев  соли  1900  дар  шаҳри  Хуҷанд  таваллуд  шудааст.  Ӯ  аз  соли  1929  то  соли 1933  раиси  Шӯрои Комиссарҳои  Халқии  ҶШС Тоҷикистон  буд.  Саҳми А.Ҳоҷибоев  дар  ташкили  ҷумҳурии  мустақили  шӯравии  Тоҷикистон, тараққиёти  хоҷагии  халқи  ҷумҳурӣ  дар  солҳои  аввали ташкили он  ниҳоят  бузург  аст.  Ӯ солҳои  30 – уми  асри  гузашта  масъалаи   эътирофи  забони тоҷикиро  ҳамчун  забони  давлатӣ  ба  миён  гузошта  буд. А.Ҳоҷибоев  ва  ҳамсафонаш  дар  сохтмони   роҳи оҳани  Тирмиз – Душанбе, қобили  кишт  гардонидани   замин   дар  водии  Вахш,  сохтмони  нерӯгоҳҳои  хурду  калони  барқӣ,  корхонаҳои  саноатӣ  ва  шаҳрҳои  нав  хеле  калон  аст. А.Ҳоҷибоев  аз  соли  1933  то  соли 1938  дар  Маскав  кору  зиндагӣ  мекард. Ӯро  соли 1938 ба  ҳабс  гирифта,  бо  ҳукми  суд  парронданд. Ҳайати  мушовараи  низомии  Суди  олии  ИҶШС   моҳи  декабри  соли 1957  бегуноҳии ӯро  исбот  намуд.

Апрель 30, 2010 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад