ПОСИ ХОТИРИ АРБОБИ БАРҶАСТАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 4 май 110 — солагии рӯзи таваллуди арбоби барҷастаи сиёсию ҳизбӣ ва давлатии Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарори дахлдор қабул намуд. А.Ҳоҷибоев соли 1900 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1929 то соли 1933 раиси Шӯрои Комиссарҳои Халқии ҶШС Тоҷикистон буд. Саҳми А.Ҳоҷибоев дар ташкили ҷумҳурии мустақили шӯравии Тоҷикистон, тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар солҳои аввали ташкили он ниҳоят бузург аст. Ӯ солҳои 30 – уми асри гузашта масъалаи эътирофи забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ ба миён гузошта буд. А.Ҳоҷибоев ва ҳамсафонаш дар сохтмони роҳи оҳани Тирмиз – Душанбе, қобили кишт гардонидани замин дар водии Вахш, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқӣ, корхонаҳои саноатӣ ва шаҳрҳои нав хеле калон аст. А.Ҳоҷибоев аз соли 1933 то соли 1938 дар Маскав кору зиндагӣ мекард. Ӯро соли 1938 ба ҳабс гирифта, бо ҳукми суд парронданд. Ҳайати мушовараи низомии Суди олии ИҶШС моҳи декабри соли 1957 бегуноҳии ӯро исбот намуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






