ПРОКУРОРҲО САҲМИЯ МЕХАРАНД
Суғд, 7 апрел.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Кормандони мақомоти прокуратураи вилояти Суғд баъди муроҷиатномаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оиди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун то имрӯз ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ саҳмия ва сертификатҳои НБО «Роғун»-ро харидорӣ намуданд Имрӯз низ кормандони мақомоти прокуратураи вилоят муташаккилона аз саҳмияҳои нерӯгоҳ ба маблағи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» ёрдамчии калони прокурори вилоят Исохӯҷа Тошхӯҷаев иттилоъ дод. 400 нафар кормандони корхонаи коммуналии шаҳр низ барои саҳм гузоштан дар сохтмони нерӯгоҳи тақдирсоз ба Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ омаданд. Дар харидории саҳмия ва сертификатҳои нерӯгоҳ корхонаҳои марбутаи коммуналӣ ширкат варзида, ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ қоғазҳои қимматноки онро харидорӣ намуданд. Аз аввали ба фурӯш баромадани саҳмияҳои корхонаҳои коммуналии вилояти Суғд ба маблағи 482 ҳазор сомонӣ саҳмия ва сертификатҳои ҶСШК НБО «Роғун»ро харидорӣ намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






