РӮЙХАТИ ҚАРЗДОРОН БА СУД ИРСОЛ ГАРДИД
Қӯрғонтеппа, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Баҳри кам кардани бақияпулиҳои андоз роҳбарияти шаҳри Қӯрғонтеппа чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳалии шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба 40 андозсупорандагон, ки қарзашон калон мебошад, огоҳнома фиристода шуд. Аз ин ҳисоб ба буҳет 337 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Нисбати чор андозсупоранда парвандаи назоратӣ дар бораи ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 999 ҳазор сомонӣ оғоз гардид, ки 84 ҳазор сомониаш оид ба ҳабси амвол мебошад. Рӯйхати корхонаҳои қарздор барои чораҷӯӣ ба суди шаҳр ва суди иқтисодӣ фиристода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






