РАФТИ КИШТИ БАҲОРӢ ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

Апрель 29, 2010 08:37

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо иттилои маркази матбуоти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ нақшаи кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои дехқонӣ (фермерӣ) –и ҷумҳурӣ 432 ҳазору 362 гектарро ташкил медиҳад, ки иҷрои он ба 225 ҳазору 52 гектар расонида шудааст. Тибқи дурнамои Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар масоҳати 118 ҳазору 843 гектар гузаронидани  кишти зироатҳои ғалладонагӣ пешбинӣ шудааст, ки аз он 59 ҳазору 613 гектарашро кишти баҳории гандум ташкил медиҳад. То 19 – уми апрели соли ҷорӣ дар майдони 87 ҳазору 646 гектар кишти ғалладона гузаронида шудааст, ки 48 ҳазору 266 гектараш  кишти гандуми баҳорӣ  мебошад.         

Апрель 29, 2010 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд