РОҲИ НАВИ ҲАВОӢ КУШОДА ШУД

Апрель 13, 2010 12:15

Душанбе,  13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия  Эшонқулова). —  Ширкати  ҳавонавардии «Сомон Эйр» барои  зиёд  кардани  парвози  ҳавопаймоҳо  ба  мамлакатҳои  дуру  наздик  тадбирҳои  судбахш  меандешад. Ҳавопаймои  нахустини  ширкат  12  апрел   аз  шаҳри  Хуҷанд ба  шаҳри Екатеринбург  парвоз  кард.  Бо ин  ҳавопаймо  176   мусофир ба  Русия  рафт. Ҳавопаймоҳои  мусофирбар   аз  Хуҷанд  ба  Екатеринбург  ҳар  ҳафта  як  маротиба  рӯзи  душанбе  парвоз  мекунанд.  Дар  байни  Хуҷанд  ва  Екатеринбург  ҳавопаймоҳои  «Боинг -737»  истифода бурда  мешаванд. Мухбири  АМИТ «ховар»  хабар  медиҳад, ки  айни  ҳол ҳавопаймоҳои  мусофирбари «Сомон Эйр»  аз  шаҳри  Душанбе  ба  Маскав, Санкт – Петербург,  Оренбург,  Дубай, Франкфурти лаби  Майн, Истамбул,  Красноярск,  Хуҷанд ва  аз шаҳри  Хуҷанд ба  Санкт – Петербург,  Красноярск ва  Екатеринбург  парвоз  менамоянд.

Апрель 13, 2010 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад