РОҲПАЙМОИИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РЯЗАН ТО ДУШАНБЕ
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия хабар медиҳад, ки ҳамдиёри мо Алексей Амиршоевич Авғонов ба муносибати иди 65 — солагии ғалаба бар фашизми Олмон ва 19 – солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додааст, ки аз шаҳри Рязани Федератсияи Русия то шаҳри Душанбе пиёда роҳпаймоӣ кунад. А.Авғонов дар шаҳри Рязан зиндагӣ мекунад. Ӯ 27 март аз Рязан пиёда ба роҳ баромад. Авғонов 31 март ба деҳаи Шиловои вилояти Рязан расид. Роҳи сафари минбаъдаи ӯ аз маҳалҳои аҳолиниши Шатск – Пенза – Сизран – Толяти – Нефтегорск – Самара – Бузулук – Оренбург – Орск – Алмаато – Бишкек – Тошканд – Бухоро – Самарқанд – Конибодом ва Айнӣ гузашта, дар шаҳри Душанбе ба охир мерасад. А.Авғонов рӯзи 9 сентябри соли 2010 — дар рӯзи иди истиқлолияти Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе хоҳад рафт. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз ҳамаи ҳамдиёрон ва намояндагони сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон хоҳиш менамояд, ки ба А.Авғонов дар амалӣ сохтани иқдоми хайрхоҳонааш кӯмак расонанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






