«РОЛТОН»-ҲОИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ ДАР ХАТЛОН
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз шаҳрванд Ҷамолиддин Ҷабборов 50 ҳазору 191 қуттӣ маҳсулоти макаронии зудвайроншавандаи тамғаи «Роллтон» мусодира гардид. Дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки як рӯз қабл аз мусодираи ин миқдор маҳсулот Ҷамолиддин Ҷабборов ба сокини кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа Ҳасан Арабов 300 қуттӣ «Ролтон»-ро ба маблағи 1300 $ фурӯхтааст. Санҷишҳо мушаххас намуданд, ки маҳсулоти мусодирашуда ҷавобгӯи талаботҳои стандартӣ набуда, тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Ҷабборов барои ба инобат нагирифтани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва бо роҳи фиреб фурӯхтани маҳсулоти вайроншуда, ба ҷаврбгарӣ кашида мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






