РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД

Апрель 23, 2010 14:55

Душанбе,  23 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  Аз  рӯи  маълумоти  Созмони  ҷаҳонии  тандурустӣ,  вақтҳои охир  дар  Тоҷикистон  паҳн  гардидани  бемории  варами ҳароммағз   мушоҳида  карда  мешавад. Сардухтури  давлатии  санитарии  Федератсияи  Русия  Геннадий  Онишенко  зимни  сӯҳбат бо  хабарнигорон  гуфт, ки   мамлакаташ  тайёр  аст,  дар  мавриди  зарурат барои  табобати  ин  бемории  хавфнок  ба  Тоҷикистон  кӯмак расонад. Аз  рӯи  маълумоти  мавҷуда,  то  имрӯз  дар  Тоҷикистон  бештар  аз сад  бемори гирифтори  варами  ҳароммағз  ба  қайд  гирифта шудааст.  Инчунин баъзе  беморон вафот  карданд. Г.Онишенко   зикр  кард, ки  беморӣ  дар  якчанд  шаҳру  ноҳияҳои Тоҷикистон,  аз  ҷумла  дар   шаҳри  Душанбе  ва  ноҳияи  Рӯдакӣ  ба  қайд  гирифта  шудааст. Беморони  аввалин  ҳанӯз  моҳи  декабри  соли гузашта  ба  духтурон  муроҷиат  карда буданд. Ҳамон  вақт  пажӯҳишгоҳи  полиомелити  Русия барои  ташхиси  онҳо  кӯмак расонида буд. Айни  ҳол  барои  пешгирӣ  ва табобати  беморӣ тадбирҳо  андешида  мешаванд.

Апрель 23, 2010 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд