РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, вақтҳои охир дар Тоҷикистон паҳн гардидани бемории варами ҳароммағз мушоҳида карда мешавад. Сардухтури давлатии санитарии Федератсияи Русия Геннадий Онишенко зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки мамлакаташ тайёр аст, дар мавриди зарурат барои табобати ин бемории хавфнок ба Тоҷикистон кӯмак расонад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, то имрӯз дар Тоҷикистон бештар аз сад бемори гирифтори варами ҳароммағз ба қайд гирифта шудааст. Инчунин баъзе беморон вафот карданд. Г.Онишенко зикр кард, ки беморӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудааст. Беморони аввалин ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта ба духтурон муроҷиат карда буданд. Ҳамон вақт пажӯҳишгоҳи полиомелити Русия барои ташхиси онҳо кӯмак расонида буд. Айни ҳол барои пешгирӣ ва табобати беморӣ тадбирҳо андешида мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






