С. ХОҶАЗОД БОЗ ИҚДОМ КАРД
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ду маҷмӯаи журналисти шинохта Саидмуроди Хоҷазод таҳти номҳои «Садои меҳр» ва «Махсусияти радиои Тоҷикистон» аз чоп баромад. Маҷмӯаи «Садои меҳр» силсилаи мақолаҳои илмии муаллифро оид ба масоли радио ва телевизион ва нақши ин расонаҳо дар низоми ВАО-и муосир дар бар мегирад, ки дар солҳои гуногун интишор гардидаанд. «Махсусияти жанрҳои радиои Тоҷикистон» нахустин рисолаи илмӣ оид ба таҳаввулот, ҷойгоҳ ва махсусияти жанрҳо дар ин расонаи муқтадири тарғиботӣ буда, дар арафаи 80-солагии таъсисёбии Радиои Тоҷикистон таълиф шудааст. Дар он кӯшише барои ифшои махсусият ва мушаххасоти жанрҳои Радиои Тоҷикистон шудааст, ки натиҷаи ҷустуҷӯву мушоҳидаҳои чандинсолаи муаллиф аст. Маҷмӯаи мазкур бо қарори Шӯрои илмӣ-методии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон ба сифати китоби дарсӣ барои донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои журналистика тавсия шудааст.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






